- байн
- [بين]а. миён, мобайн; васат, миёна; байни… а) миёни…, мобайни…: муносибати байни онҳо хуб набуд; б) миёнаҷои…, маркази…; в) фосилаи…, масофаи…; г) даруни…; дохили…; аз байн(и) а) аз миёни…, аз мобайни…, аз миёнаҷои…; б) аз даруни…, аз дохили…; в) аз он муддат; г) аз ҷумлаи…; дар байн дар миён; миёни худ; дар байни… а) мобайни…, дар миёни…; б) дар васати…, дар миёнаҷои…; в) дар қатори…, аз ҷумлаи…; г) ба даруни…, дар дохили…: дар байни дуду оташ; ғ) дар муддати…: дар байни як ҳафта; д) дар аснои…, дар давоми…: дар байни ин корҳо; дар байни худ бо ҳам, бо ҳамдигар; дар ин байн дар ин миён, дар ин муддат; байн-байн байнобайн, дар миёна; аз байн бурдан несту нобуд кардан; бартараф кардан; гап (дар) байни худамон монад сухан аз доираи худамон берун набарояд, гап дар доираи одамони худӣ монад
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.